Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи "Зварнотс" вазири умури хориҷаи Арманистон Эдвард Налбандян ва дигар шахсони воломақом пешвоз гирифтанд.
Ба ифтихори Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон саҳни ҳавлии фурудгоҳ бо парчамҳои ҳар ду давлат, шиору овезаҳои тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Арманистон ба таври идона ороста шуда, горди фахрии президентӣ саф кашида буд.
Бино ба иттилоъи Sputnik Арманистон дар доираи сафари расмӣ раисҷумҳури Тоҷикистон бо кишвардори Арманистон Серж Саргсян дидор ва мулоқот хоҳад кард.