ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон Ҳолгер Грэн, сафири Олмон дар Тоҷикистон мақомашро тарк мекунад.
Тибқи иттилоъи манбаъ муҳлати рисолати дипломатии Грэн дар Душанбе анҷом ёфт ва ба ин муносибат Сироҷиддин Аслов бо ӯ дидор кард.
Зимни суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандияшонро барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ баён доштанд.
"Сироҷиддин Аслов аз фаъолияти самараноки сафири Олмон дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба ӯ муваффақиятҳо орзу кард".