ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Антониу Гуттериш дар фазои Помир парвоз карда аз суръати об шудани пиряхҳо дар кӯҳистони Помир шигифтзада шуд.
"Дабири кулли СММ изҳор дошт, ки аз тағйироти иқлим дар Тоҷикистон дар ҳайрат уфтод. Наздики 30 дарсади пиряхҳо дар ин кишвар то кунун об шудаанд", — гуфт сухангӯи дабири кулли СММ дар нишасти матбуъотӣ дар Ню-Йорк.
Гуттериш ҷаҳониёнро фаро хонд, ки барои посдошти табиъат ва муҳити зист тадбирҳо андешида шавад ва афзуд, ки башар ҳуқуқ надорад, фурсатеро аз даст бидиҳад.

Боздидкунандагон дар канораи Кӯли Сарез

Антониу Гуттериш дар фазои Помир парвоз карда аз суръати обшавии пиряхҳо дар Помир ҳайратзада шуд

Антониу Гутерриш дар бӯстонсарои Чорчаман

Сироҷиддин Аслов ва Антониу Гутериш дар сарбанди табии Кӯли Сарез

Дабири кулли СММ изҳор дошт, ки аз тағйироти иқлим дар Тоҷикистон дар ҳайрат уфтод

Манзараи Кӯли Сарез

Гутерриш аз зулолии оби Кӯли Сарез шигифтзада шуд

Гуттериш даъват кард, ки барои нигоҳдории иқлим тадбирҳо андешида шавад