ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Тавре Умарҷони Эмомалӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, дар натиҷаи садама дар боғ 12 кас ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд ва ба бемористон интиқолгаштаанд.
"Талафоти ҷонӣ ба қайд гирфта нашудааст",- илова намуд сухангӯи ВУД.
Тавре манбаъ афзуд, ҷузъиёт ва далели рух додани ин ҳодисаро Додситонии Душанбе баррасӣ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки рӯйдод шаби 13-уми июн дар яке аз боғҳои шаҳри Душанбе рух додаст. Як гурӯҳ ҷавонон ҳангоми бозгашт аз сабқати футболи миёни мунтахаби Тоҷикистону Филиппин, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мегузашт, ба боғ назди майдони Рамзи давлатӣ ворид шуда ба "киштӣ" менишинанд.
Ҳамзамон ба аттраксион савор шудани 24 кас абаби шикаста шудани "киштӣ" гаштааст.