ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати фарҳанги ҶТ, Рӯзи миллии Тоҷикистон бо баланд бардоштани парчами Тоҷикистону Қазоқистон зери садои суруди миллии ду кишвар оғоз гардид.
Намоишгоҳи Тоҷикистон диққати намояндагони расмӣ ва сайёҳони хориҷиро бо "дарахти бахт" — ки аз сангҳои гаронбаҳо омода шудааст, ҷалб кард.
Шиори асосии намоишгоҳи Тоҷикистон "Истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва қувваи барқ" мебошад.
Дар намоишгоҳ табиати бою нотакрори Тоҷикистон, канданиҳои фоиданок, иқтидори энегетикӣ ва обӣ, фарҳанг ва таърих манзури бинандагон гардидааст.
Шоми 12 июн дар амфетеатри намоишгоҳи ЭКСПО-2017 гала-консерти ҳунармандониТоҷикистон баргузор шуд.
Дар барномаи консертӣ ансамблҳои "Базморо", "Садои Суғд", "Фалак" ҳунарнамоӣ карданд.
Ҳамчунин Фотима Машрабова, Дамирбек Олимов, Абдураҳмон Мадхолов, Искандар Тагиров, Раҳматулло Бойматов ва Фарҳод Одинаев рақси тоҷикӣ ва оҳангҳои миллиро пешкаши хориҷиён гардониданд.