ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар рафти ҳамоши суханронӣ намуда, қайд кард, ки Тоҷикистон дар масоили ҳамгироӣ бо мушкилот дучор мешавад.
"Аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор то соли 2030 ба шароите рост омад, ки дар нуқоти гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳои мазҳабиву геосиёсӣ дучор шудаанд", —гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳур бар он аст, ки дар чунин вазъият ягон кишвари дунё ба танҳоӣ наметавонад дар арсаи мубориза бо хавфу таҳдидҳои амниятӣ комёб гардида, амну суботро таъмин намояд.
Эмомалӣ Раҳмон муборизаи дастаҷамъонаро роҳи раҳоӣ аз ин вартаи хавфнок гуфт.
Ба қавли раисҷумҳур пайомадҳои буҳронҳои молиявиву иқтисодӣ, энергетикӣ ва ғизоӣ, инчунин оқибатҳои тағйирёбии иқлим барои ҷаҳду талошҳои аксари кишварҳои ҷаҳон, бахусус кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур бо хушкӣ дар роҳи расидан ба рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамоянд.
"Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои маҳсур бо хушкӣ дар самти таъмин намудани ҳамгироӣ ва пайвастани кишвар бо сохтори тиҷорати бисёрҷониба ба мушкилоти муайян дучор мебошад. Чунин ҳолат ба раванди таъмини рушди бемайлони дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа низ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин лиҳоз, мо чунин мешуморем, ки ин гурӯҳи кишварҳо бояд аз имтиёзҳои мусоиди марбут ба тиҷорати ҷаҳонӣ бархурдор бошад", — изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Дар рафти кори ҳамоиш Дабири кулли СММ, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва дигар коршиносони дохилию хориҷӣ суханронӣ карданд.
Дар бахшҳои алоҳидаи ҳамоиш масъалаҳои Таъсири тағйирёбиии иқлим ба рушди Тоҷикистон ва Ҳадафҳои Рушди Устувор, Таъмини амнияти озуқаворӣ, соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон:-мушкилот ва имкониятҳо барои татбиқи Барномаи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор ва ғайра баррасӣ гардид.