Рутбаи ҷадиди Озода Раҳмон: мушовири давлатии адлия

© Sputnik / Амир ИсаевОзода Эмомали. Архивное фото
Озода Эмомали. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Дастгоҳи иҷроия Озода Раҳмонро рутбаи мушовири давлатии адлия дод

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи хабаргузории РИА Новости Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи Раисҷумҳур ва духтари бузурги Эмомалӣ Раҳмон рутбаи мушовири давлатии адлияро дарёфт кардааст.

Озода Раҳмон, ки пештар дар симати муовини вазири умури хориҷӣ фаъолият дошт, соли 2016 раиси Дастгоҳи иҷроия таъйин шуд.

Ӯ 39-сола ва донишомӯхтаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва дар сафорати Тоҷикистон дар Амрико низ кор кардааст.

 

 

Лентаи хабарҳо
0