ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Коршиноси бритонёгӣ Мэтю Гудвин китобашро дар рафти пахши зинда дар телевизион хӯрд. Худи вай гуфт, ки ин ҷазои пешгӯиҳои хатои вай аст. Дар ин бора телевизиони Sky News дар саҳифаи Twitter навишта ва навори онро пахш кардааст.
This man just ate (some of) his book live on Sky News after making an incorrect #GE2017 prediction @GoodwinMJ pic.twitter.com/13IaFLaJvx
— Sky News (@SkyNews) 10 июня 2017 г.
Дар интихобот Лейбористҳо 40 фисад овоз гирифтанд. Гудвен гуфт, "мард бояд гуфтаашро иҷро кунад" ва саҳифаҳои китобашро канда як ба як ба даҳон адохтан гирифт.
"Ман ин ҷо мешаним ва китобамро мехӯрам, шумо бошед барномаро бурдан гиред",- гуфт коршинос ба муҷрӣ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи панҷшанбе, 8-уми июн дар Бритониёи Кабир интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. Дар он ҳизби Консерваторҳо 42 фисад ва ҳизби Лейбористҳо 40% овоз гирифтанд.