ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ин қонунро дастгирӣ карда, ба вакилони Думаи кишварӣ дастур дод, то матни онро омода кунанд.
Ҳамин тавр пешвои Ҳизби либерал — демократии Русия Владимир Жириновский яке аз аввалинҳо шуда, матни савгандро пешниҳод кард.
Мувофиқи матни ӯ нафаре, ки ба шаҳрвандии Русия қабул мешавад, бояд ба Русия ишқи бепоён дошта, ин кишварро беҳтар аз ҷон дӯст дорад ва ифтихор кунад, ки шаҳрванди чунин давлати бузург мешавад.