Кристина Пронженко рекорди варзишии Тоҷикистонро шикаст

© SputnikКристина Пронженко. Архивное фото
Кристина Пронженко. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишкори номдори тоҷикистонӣ рекорди наверо дар варзишҳои даву майдонии кишвар ба номи худ навишт

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Яке аз беҳтарин варзишкорони Тоҷикистон — Кристина Пронженко дар мусобиқаи дави 400 метр бо монеъ бо дастоварди 59,70 сония рекорди деринаи ин варзишро шикаст.

Кристина бо ин натиҷааш дар қаҳрамонии дави Тоҷикистон рекордеро шикаст, ки баробар бо 59,78 сония ва 34 сол пойдор буд.

"Бисёр хушҳолам ки тавонистаам рекорди нави миллӣ бар по кунам. Пеш аз давидан эҳсос доштам, ки метавонам рекордшиканӣ кунам. Он рекорд 34 сол барқарор буд! Воқеъан мояи хушҳолӣ аст, ки он рекордро пас аз чандин сол беҳбуд бахшидаам!", — гуфт Кристина дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Вай акнун барои ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ омода мешавад. Чунончи, дар мусобиқаҳои Ҷоми дави Узбакистон ширкат хоҳад кард, ки 11 — 12 июн дар Тошканд баргузор мешаванд. Ҳамчунин қарор аст, ки дар мусобиқаҳои байналмилалие ширкат кунад, ки 17 — 18 июн дар Бишкек ва 24 — 25 июн дар Олматӣ баргузор мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0