ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik, Ростислав Ишенко. Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой дар Остона бо пайвастани Покистону Ҳинд ба ин ниҳод поён расид.
Агар то кунун ин созмон ниме аз ҷаҳониёнро дар қаламраваш ҷой медод, бо афзудани якуним милёрд аҳолии ин ду кишвар он паҳновартарин густара ва бештарин аҳолии ҷаҳонро дар бар гирифт.
Дар паи ин густариш ҷолиб аст бибинем, ки ин созмон чигуна ниҳодест ва бо ин имконоти билқувва номаҳдуди низомиву сиёсӣ, бузургтарин бозори ҷаҳон ва захоири саршори нафту гозу обу дигар манобеъ, ки дар ихтиёр дорад, чигуна ниҳоде хоҳад шуд.
Чатри урупосиёӣ
Кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой то кунун таъкид доштанд, ки ин ниҳод на иттиҳодияи низомӣ аст, чун кишварҳо ҳечгуна таъаҳҳудоти низомӣ дар баробари якдигар надоранд, ва на иттиҳодияи сиёсиву иқтисодие чун Иттиҳоди Урупо. То кунун ҳеч як аз ин кишварҳо даст ба роҳандозии созукорҳои ҳамгироии иқтисодӣ дар ин густара назада ва ниҳодҳои мавҷуде чун Иттиҳодияи иқтисодии Урупосиё ҷудо аз сохторҳои ин созмон ҳастанд.
Созмони ҳамкории Шонгҳой ҳарчанд масоъили амнияти дастаҷамъӣ ва мубориза бо теруризмро асле муҳим медонад, вале на иттиҳодияе зидди теруризм асту на ниҳоди ройзании доим дар масоили амният.
Аз ин рӯ, ин созмонро бо ин вазъе ки ҳамакнун дорад, ҳам метавон падидае арехт ё аморф шумурд ва ҳам ниҳоде инъитофпазир донист. Ба назарам, ҳамин таърифи ахир дақиқтар аст. Зеро ин созмон метавонад ҳам ниҳоде низомиву сиёсӣ гардад ва ҳам сохторе тиҷориву иқтисодӣ шавад ва ҳам созукоре чатрвор бошад, ки ҳама тарҳҳои ҳамгироии урупосиёиро пӯшиш диҳад.
Ончи имрӯз дида мешавад, ин аст ки Созмони ҳамкории Шонгҳой ҳануз созманд нашуда ва дидгоҳҳо дар бораи аҳдофу авлавиятҳояш дар оянда бисёр гуногунанд.
Чунончи, раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ояндаи ин созмонро ниҳоде чун Шурои ҳамкориҳои иқтисодии даврони шуравӣ мебинад. Вай пешниҳод карда ки Бонки СҲШ таъсис ва дар Бишкек ҷой дода шавад. Ин пешниҳод агар пазируфта мешуд, на танҳо эътибори Қирғизистонро дар чорчӯби ин созмон ва фаротар аз он бештар мекард, балки сармояе бузургро ҳам ба ин кишвари камнаво сарозер мекард.
Чунин бонке чандин дафтар, худравҳо, садҳо кормандони баландпоя ва шояд ҳам бархе хориҷӣ медошт, ки бино бар одат бояд дар шароите муносибу роҳат зиндагиву кор мекарданд, пӯшоке гаронбаҳо мепӯшиданд ва дар рестуронҳои гарон ноҳору шом мехӯрданду ҷое ҳам хуш мегузаронданд. Афзун бар онҳо ҳайъатҳое аз бозаргонону коркушоёне, ки бо ин бонк сару кор медоштанд, низ бо рафту омаданашон даромаде барои ҳутелдорон меоварданд. Барои Бишкеку Қирғизистон, ки шаҳу кишваре чандон бузург нестанд, чунин як бонк метавонист корвонкаши пешрафти иқтисодӣ бошад.
Вале мушкил ин аст, ки Созмони ҳамкории Шонгҳой тарҳҳое надорад, ки чунин бонк сармоягузорияшон кунад. Дар наздиктарин оянда ҳам аз ин тарҳҳо хабаре нахоҳад шуд.
На иқтисоду на дифоъ
Созмони ҳамкории Шонгҳой бо ин вазъу ҳоле ки ҳамакнун дорад, сохтори иқтисодӣ ҳам нест. Зеро ҳануз на тарҳии русии Иттиҳодияи иқтисодии Урупосиё (ИИУ) ва тарҳи чинии Роҳи нави абрешим пайванде доранд, балки тарҳи ИИУ худ ҳануз комилан созманд нашуда ва ихтилофот миёни ҳамвандонаш ҳануз ҳаллу фасл нашудаанд.
Акнун Созмони Шонгҳой афзун бар Русияву Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҳинду Покистонро ҳам дар бар мегирад, ки худ низ тарҳҳои ҳамгироии минтақаӣ доранд ва равобиташон ҳам бо якдигар чандон хуб нест. Дертар Эрону Туркия низ ба ин созмон хоҳанд пайваст, ки ҳар кадоме хостаҳое баландпарвозонаву ҷоҳталабона дорад.
Ҳамонҳангсозии тасмимоти иқтисодӣ бо чунин шароите имконпазир наменамояд. Мизони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва вобастагӣ ба якдигар дар миёни ин кишварҳо ҳануз ба андозае нест, ки баландпарвозиҳои сиёсӣ ва худхоҳии миллӣ ҷояшонро ба ҳамсудӣ бидиҳанд.
Яке дигар аз гузинаҳои ояндаи Созмони Шонгҳой табдил шудан ба сохторе низомиву сиёсӣ дар муқобили Ғарб кулан ва НАТО хусусан аст. Чунин идеяро коршиносон гаҳ гоҳе дар миёни худ баррасӣ мекунанд. Вале ин идея бахте камтар аз иттиҳоди иқтисодӣ барои амалӣ шудан доранд.
Далели ин камбахтӣ низ ҳамон аст ки гуфта шуд. Кишварҳои узви Созмони Шонгҳой ҳануз душмани муштарак ва таҳдидҳои муштаракашонро мушаххас накардаанд. Душману таҳдидҳои муштараке чун онҳое, ки кишварҳои Ғарбро дар муқобили Иттиҳоди Шуравӣ муттаҳид кард ва Созмони паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) ва Иттиҳоди Урупоро падид оварданд.
Воруна бар ин кишварҳо, бархе аз кишварҳои узви СШ, аз ҷумла Ҳинду Покистон, якдигарро душман мешуморанд. Ин душманӣ дар миёнаи садаи 20 чанд бор ду кишварро ба ҷанг кашонду ҳануз ҳам марзи миёни онҳо дақиқан мушаххас нашуда, ки ҳар аз гоҳе даргирӣ ба бор меоварад.
Ҳамчунин ихтилофоти марзӣ миёни Ҳинду Чин низ ҳалл нашудаанд. Афзун бар ин ихтилофот, ин ду кишвар, ки ба далели доштани ҷамъияте пуршумор ва рушди болои иқтисодӣ худ ду конуни ҳамгироӣ дар Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ ҳастанд, бо якдигар дар ин замина рақобат доранд.
Аз ин рӯ, Созмони ҳамкории Шонгҳой на имконе барои табдил ёфтан ба иттиҳодияе иқтисодӣ чун Иттиҳоди Урупо дорад ва на шароите барои табдил шудан ба созмоне низомӣ-сиёсӣ чун НАТО. Шароит барои ин дигардисӣ фароҳам наомадаанд.
Таҳдиди муштарак — теруризм
Вале ҳадафе, ки кишварҳо аз аввал барои созмон таъйин карда буданд, яъне мубориза бо теруризм, бино ба натоиҷи нишасти ахир, дар авлавият қарор мегирад. Ҳамин ки Владимир Путин ин мавзуъро дар меҳвари суханронии худ қарор дода буд, худ гувоҳ бар ин гуфта аст. Ваъдае ҳам, ки раҳбари Русия аз номи Созмон дода, ки дар ҳалли муноқишаҳои минтақаӣ фаъолтар хоҳад шуд, бо ҳамин мавзуъ ҳамхонӣ дорад. Ин муноқишот қоъидатан муҳити мусоъиде барои ёргирии гурӯҳҳои теруристӣ фароҳам меоваранд.
Нахуствазири Ҳинд Нарендра Мудӣ, раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва дабиркулли Созмони милал Антониу Гутерриш, ки меҳмони ин нишаст буд, низ бар лузуми муборизаи муштараку муттаҳидона бо теруризм таъкид карданд.
Мехостам ҳамчунин таваҷҷуҳе ба ин нукта дошта бошед, ки Путин дар суханронияш бар лузуми азсаргирии фаъолияти гурӯҳи тамосии Созмони Шонгҳой — Афғонистон таъкид кард ва ягона раҳбаре, ки дар Остона бо вай расман дидор кард, нахуствазири Покистон буд.
Дар ёд дошта бошем, ки Афғонистон ва минтақаи қабиланишини Покистон сарзаминҳое ҳастанд, ки амалан аз давлатҳои он кишварҳо фармон намебаранд ва пойгоҳе барои гурӯҳу созмонҳои теруристие ҳастанд, ки на танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки саросари қораи Урупосиёро таҳдид мекунанд. Беҳуда нест, ки Путин ҳамкоронашро огоҳ кард, ки теруристҳои ифротгаро омода мешаванд то авзоъи Осиёи Марказиро бесубот кунанд. Ин таҳдидро танҳо метавон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои узви СҲШ аз миён бардошт.
Мубориза бо теруризм на танҳо ҳамкориҳои танготанги низомиро дар назар дорад, балки кишварҳои пайкоргар бояд дар заминаҳои иқтисодиву тиҷорӣ низ ҳамкориҳои танготанг дошта бошанд.
Теруристҳоро нобуд кардан ниме аз кор аст, чун онҳо зуд "зодоварӣ" мекунанд. Бояд дасташонро аз сармояву пул кӯтоҳ кард. Баъид нест, ки дар оянда таҷрубаи ин ҳамкорӣ бунлоде ё шолудае барои ташкили сохторҳои низомиӣ-сиёсӣ ё тиҷорӣ-иқтисодӣ бар поя ва ё дар чорчӯби Созмони ҳамкории Шонгҳой шавад.
Вале ин тарҳ агар ҳам иҷроӣ шавад, дар замоне дуртару дертар мешавад. феълан ҳадафи аслӣ — чира шудан бар теруристҳо ва ҳалли ихтилофоти минтақаӣ аст, ки ҳар кадоме билқувва метавонад оташи ҷанги ҷаҳонсӯзеро барафрӯзад.