Кумитаи рушди гардишгарии Тоҷикистон оғоз ба кор кард

© Sputnik / В. Чистяков / Гузариш ба медиабонкПик Коммунизма на Памире
Пик Коммунизма на Памире - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш бо қароре Кумитаи ҷавонон, варзиш ва гардишгариро ба ду ниҳод ҷудо карда буд

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Давлати Тоҷикистон барои густариши бахши гардишгарӣ дар кишвар Кумитаи рушди сайёҳӣ бунёд кардааст.

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва гардишгарӣ дар вебгоҳаш эълом карда, ки бино бар Қарори №257 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 май Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кардааст.

Ин ниҳод эълом карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори №258 аз 27 май Кумитаи рушди гардишгарӣ таъсис додааст.

Вале ҳануз эълом нашуда, ки раҳбари Кумита кист ва сохтораш чигуна аст.

Лентаи хабарҳо
0