ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО — 2017 имрӯз дар пойтахти Қазоқистон оғоз ба кор кард.
Ин намоишгоҳ аз 10 июн то 10 сентябр боз хоҳад буд. Дар ин намоишгоҳ 100 кишвар ва беш аз даҳ созмони байналмилалӣ фанновариҳои пешрафтаи энержии "сабз" ё баргаштпазирро намоиш хоҳанд дод.
Интизор меравад ки дар ин муддат аз 2 то 5 милюн кас аз он боздид кунад.
Маросими расмии ифтитоҳи он дирӯз дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой ва дар намоишсарои "Остона Опера" бо ширкати раҳбарони 20 кишвар, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, баргузор шуд.
Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой 8 — 9 июн дар Остона баргузор шуд ва бо пайвастани Ҳинду Покистон ба ин созмон ба поён расид.