"Энержии оянда": ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар оғози кори намоишгоҳи "Остона ЭКСПО - 2017"

Эмомали Рахмон и Нурсултан Назарбаев на открытии выставки ЭКСПО - 2017
Эмомали Рахмон и Нурсултан Назарбаев на открытии выставки ЭКСПО - 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар пойтахти Қазоқистон Намоишгоҳи байналмилалии энержии баргаштпазир "Остона ЭКСПО - 2017" дари худро ба рӯи боздидикунандагон боз кард

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии "Остона ЭКСПО — 2017" ширкат кард.

Бино ба гузори дафтари иттилоърасонии раёсатҷумҳурӣ, ин маросим дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой ва дар намоишсарои "Остона Опера" бо ширкати раҳбарони 20 кишвар баргузор шуд.

Сарони кишварҳои узви СҲШ ва дигар намояндагони баландпояи кишварҳо бо фанновариҳои навин ва дигар дастовардҳо дар заминаи энержии баргаштпазир шинос шуданд.

Маросими ифтитоҳи намоишгоҳи "Остона ЭКСПО —2017" ба рӯзҳои баргузории ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ рост омада, аз барномаи фарҳангии консертӣ, намоиши нурчароғ ва мушакпарронии бардавом иборат буд.

Хадаф аз баргузории намоишгоҳи байналмилалии "Остона ЭКСПО — 2017"-ро сарони кишварҳо фурсати муносибе барои муъаррифии дастовардҳо, имконоти ҳамкорӣ, пайдо кардани шарикони боэътимод барои рушди равобити дуҷонибаву бисёрҷониба донистаанд.

Пас аз ширкат дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалӣ сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба поён расид.

Лентаи хабарҳо
0