ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дастаи куштигирони миллипӯши Тоҷикистон дар қаҳрамонии Ҷоми ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Оренбург баргузор шуд, бар ҳама рақибонашон пирӯз шуда, мақоми аввалро ба даст оварданд.
Миллипӯшони Тоҷикистон дар ин мусобиқот 54 имтиёз ба даст овардаанд. Медолҳои зарринро барои кишвар Муҳаммадғуфрон Тошзода дар вазни —68 килуграм ва Достон Почоев дар вазни —90 килуграм овардаанд. Самандар Эрназаров дар вазни +100 килуграм, Абдураҳмон Муҳаммадқулов дар вазни —100 килуграм, Рӯзибой Сафаров дар вазни —82 килуграм ва Абуэҳсон Ашурзода дар вазни —75 килуграм медолҳои брунзӣ ба гардан овехтанд.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии Ҷоми ҷаҳонии кураш паҳлавонон аз 8 кишвар рақобат карданд. Миллипӯшони тоҷик дар рақобатҳои дастаӣ 6 медол ба даст оварда ва барои нахустин бор барандаи Ҷоми ҷаҳонӣ шуданд.
Акнун курашкорони тоҷик барои ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Қазоқистон ва Панҷумин бозиҳои Осиёӣ, ки аввалӣ қарор аст дар моҳи июл ва дувумӣ дар рӯзҳои 17 — 27 сентябр баргузор шаванд, омода хоҳанд шуд.