ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар намоишгоҳ дар радифи Тоҷикистон тақрибан 100 кишвари дигари дунё иштирок хоҳад кард.
Тавре Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, 12 июни соли равон дар Намоишгоҳи мазкур Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Шоми он рӯз дар Амфитеатри воқеъ дар ҳудуди Намоишгоҳи ЭКСПО-2017 ба ифтихори Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЭКСПО-2017 баргузории гала-консерти устодони санъати Тоҷикистон дар назар аст.
Дар барномаи консертӣ ансамблҳои "Базморо", "Садои Суғд", "Фалак" ва ҳунарпешагони шинохта ба мисли Фотима Машрабова, Дамирбек Олимов, Абдураҳмон Мадхолов, Искандар Тагиров, Раҳматулло Бойматов ва Фарҳод Одинаев санъати тоҷикро муаррифӣ хоҳанд кард.