Устоди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ: Донишҷӯёни тоҷик зону хам накарданд

© © Фото / Нурзада МукашеваКыргызские и таджикские студенты УЦА помирились
Кыргызские и таджикские студенты УЦА помирились - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишҷуёни тоҷик гуфтаанд, ки "онҳо танҳо барои Худо ба зону меистанд ва сар хам мекунанд"

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Яке аз устодони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ҷузъиёти ҷанҷолеро боз гуфт, ки дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин сар задааст.

Ин устод, ки ба далоили маълум хост номаш бурда нашавад, гуфт, ин донишгоҳ дар чорчӯби барномаҳои иҷтимоъӣ барои ошносозии нориниён ва донишҷӯён бо якдигар чандин барнома баргузор карда ва мусобиқаи баскетбол ҳам, ки 27 май доштанд, яке аз ҳамин барномаҳо буд.

Вай гуфт, ки дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ куллан 65 донишҷӯ, аз он ҷумла 34 тоҷик, 2 афғонистонӣ, 19 қирғиз, 3 қазоқ ва 7 покистонӣ, таҳсил мекунанд.

"Пардис ё кампуси донишгоҳ дуртар аз шаҳр ҷой дорад ва донишҷӯён камтар ба шаҳр рафту омад доранд. Аз ин рӯ, барои ошносозии онҳо бо муҳиту ҷомеъа барномаҳое чун намоишгоҳи беҳдошту дармон барои нориниён ва давраҳои донишафзоӣ барои омӯзгорону устодони дабиристонҳо ва Донишгоҳи давлатии Норин баргузор карда будем. Чанде пеш донишҷӯёни тоҷик барои ду донишомӯзи қирғизе, ки аз хонаводаҳои бенаво буданд, пул ҷамъоварӣ карда ҳазинаи таҳсилашонро дар Мактаби омӯзиши паёпаи ин донишгоҳ пардохт карданд", — тавзеҳ дод ӯ.

Ба гуфтаи вай, ҷанҷоле, ки 27 май дар мусобиқаи баскетбол рух дод, аз бозии дастаи шаҳри Норин бо рақибонаш аз шаҳри Ӯш реша мегирад, ки ду тан аз бозикунҳои он даста дар бозии донишҷӯён бо нориниён ширкат доштаанд.

"Донишҷӯёни мо бо дастаи Омӯзишгоҳи баскетболи Норин мусобиқа доштанд. Ҳарчанд онҳо пешакор буданд ва дастаи мо аз донишҷӯён ташкил шуда буд, вале дар мусобиқа пешгом будаанд. Бозикунҳои қирғиз ҳангоми бозӣ бо ҳар роҳ бозикунҳои моро таҳрику асабӣ мекардаанд ва чанд касро ҳам бо зарбаи даст афтондаанд, ки якешон захм ҳам бардоштааст. Пас аз бозӣ миёни бозикунҳо ҷанҷол сар задааст. Донишҷӯёни тоҷик рӯзадор буданд ва то ҷое ки тавон доштанд, аз ҷангу задухӯрд парҳез кардаанд. Вале яке аз донишҷӯёни тоҷикро нориниён секаса чанд муште задаанд, ки ӯ ҳам кам наовардаву посухашонро додааст", — мегӯяд устод.

"Ман ки аз ин қазия хабар надоштам, бо писарам аз хобгоҳ ба варзишгоҳ мерафтам, ки дидам гурӯҳе аз нориниҳо бо худрав омадаву миёни хобгоҳ ва варзишгоҳ истода ва бархе дар дасташон чӯбҳои бейсбол доштанд. Ман гумон кардам, ки онҳо миёни худашон ҷанҷол кардаву омадаанд, ки онро ҳаллу фасл кунанд. Аммо чун назди донишҷӯён расидам, гуфтанд, ки мусобиқа ба ҷанҷол кашидааст. Пай бурдам, ки нориниҳо роҳи донишҷӯёнро мепоянд. Гуфтам, бояд зуд хобгоҳ биравем ва тоза роҳ афтода будем, ки қирғизҳо ҳам расиданд. Бархе санг ҳам дар дасташон доштанд, вале шояд чун диданд, ҳамроҳамон духтарону кӯдакон низ ҳастанд, сангборонамон накарданд. Аммо дашному носазо гуфтан гирифтанд. Вале мо вокунише накардем ва ман ҳамроҳ бо ҳамкорам Эрик Краусс донишҷӯёнро ба хобгоҳ расондему қирғизҳо низ рафтанд", — гуфт ӯ.

Ба гуфтаи вай, донишҷӯён то чанд рӯз аз шаҳрак берун намерафтанд, вале бархе аз онҳо дар паи анҷоми назарсанҷӣ барои дарси рӯзноманигорӣ ба Норин рафтаанд: "Корашонро анҷом додаву ороишгоҳе рафтаанд ва ҳамонҷо қирғизҳо бо панҷ — шаш худрав ба сарашон расидаву лату кӯбашон кардаанд. Донишҷӯён аз ороишгоҳ Эрик Крауссро, ки масъули умури донишҷӯён аст, занг задаву аз ин қазия огоҳ кардаанд. Вай ҳам бо чанд тан аз ҳамкорон омадаву қирғизҳоро гуфтааст, ки донишҷӯёнро раҳо кунанд то ин қазияро бо гуфтугӯ ҳаллу фасл кунанд".

Устоди донишгоҳ мегӯяд, ки тарафҳо қарор доданд ҳайъатҳое иборат аз 15 намоянда ва ҳамчунин раиси вилояти Норин ва масъулини умури дохила дар сохтмони Мактаби омӯзиши паёпаи донишгоҳ, ки дар шаҳри Норин ҷой дорад, музокира кунанд.

"Дирӯз, 8 июн, 15 музокиракунанда аз Донишгоҳ ҳангоме, ки ба маҳалли музокирот мерасад, издиҳоме камобеш 300-нафара аз нориниҳоро онҷо мебинад. Донишҷӯён мегӯянд, дар он издиҳом тундравону ифротиҳо бисёр буданд. Онҳо ба забони қирғизӣ шиъорҳои миллигароёнаву мазҳабӣ медоданд, ки донишгоҳ бояд аз они қирғизҳо бошаду донишҷӯдухтарон бояд бо пӯшиши мазҳабӣ дар шаҳр бигарданд. Ҳамчунин аз ҷанҷолҳои марзӣ дар Исфара ва Бодканд ёд кардаанд. Бархӯрди издиҳом бисёр бад буд ва касеро гӯш намекард. Яке аз онҳо сандалиро ба сӯи мудири Донишкадаи улуми инсонӣ ва дақиқи Донишгоҳ хонум Диана Пауна партоб кард", — тавзеҳ дод ӯ.

Вай гуфт, издиҳом бо хашму таъассуб донишҷӯёни тоҷикро муттаҳам ба зӯроварӣ бар варзишкорони қирғиз мекард ва исрор дошт, ки донишҷӯён зону зада узрхоҳӣ кунанд. Вале ҷавонони тоҷик аз ин зӯровариву ҳаросафканӣ натарсиданд ва гуфтаанд, ки "онҳо тақсире надоранд ва танҳо барои Худо ба зону меистанду сар хам мекунанд".

"Издиҳом ҳарчанд исрору пофишорӣ мекарда, вале донишҷӯёни тоҷик зону хам накардаанд ва Эрик Краусс барои пешгирӣ аз пайомадҳои бадтар зону задаву узрхоҳӣ кардааст. Кормандони милиса аз ин зӯроварӣ пешгирӣ накарданд. Раиси вилоят ҳам дар ин қазия амалан натавонист коре анҷом диҳад", — таъкид кард ӯ.

Ин устоди донишгоҳ мегӯяд, "саркардаҳои издиҳом, гӯё аз кардаашон пушаймон шуда, ки имрӯз ба Донишгоҳи Осиёи Марказӣ омадаву бо хонум Диана Пауна ва Эрик Краусс дидор кардаву барои рафтори дирӯзаи худ узрхоҳӣ кардаанд ва ба нишони оштихоҳиву дилҷӯӣ ба онҳо китоби "Манас" ҳадя додаву ҷомаву қалпоқи қирғизӣ пӯшондаанд. Аммо аз донишҷӯёни тоҷик касе дар ин мулоқот ҳузур надошт".

Ёдоварӣ мекунем, ки нерӯҳои интизомии Қирғизистон низ хабарҳо дар бораи ба зону нишондани донишҷӯёни тоҷикро такзиб кардаанд. Вале фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, ки ин иқдоми нориниёнро бепосух нагузоранд ва қазияро ҳаматарафа таҳқиқ кунанд.

Вазорати умури дохилаи Қирғизистон эълом карда, ки барои бозҷӯии авомилу шароити ин қазия парванда оғоз карда ва мавзуъи барканории сардори милисаи шаҳри Норинро баррасӣ дорад.

Ин ниҳод пештар дар вебгоҳи расмияш хабар дод, ки нерӯҳои интизомӣ рухдоди шоми 8 июнро "авбошӣ" донистаанд. Ҳамчунин Хадамоти амнияти дохилии вазорат ба бозҷӯии хидматии рафтори кормандони милиса оғоз кардааст.

Қазияи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин субҳи 9 июн дар ҷаласаи ҳукумати Қирғизистон низ баррасӣ шудааст. Нахуствазир Сооронбой Жээнбеков бо интиқоди сахт аз вазири маорифу илм Гулмира Кудойбердиева хостори ҳалли ҳарчӣ зудтари ин моҷаро ва тақвияти кор бо донишгоҳҳо барои пешгирӣ аз чунин рухдодҳо шуд.

Лентаи хабарҳо
0