Путин: ДОИШ мехоҳад дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фитна барангезад

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провел совместное заседание Госсовета и Комиссии по мониторингу достижения целевых показателей социально-экономического развития страны
Президент РФ В. Путин провел совместное заседание Госсовета и Комиссии по мониторингу достижения целевых показателей социально-экономического развития страны - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бояд созмонҳои амниятии кишварҳои узви Созмонро бештар ҳамоҳанг кард то дар минтақаҳо бо теруризм беҳтар мубориза баранд

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин иброз дошт, ки гӯруҳи тундрави "Давлати исломӣ"  нақша дорад, ки дар Осиёи Марказӣ ва ҷануби Русия носуботие ба миён оварад.

Владимир Путин ҳамчунин илова намуд, ки тафтишоти инфиҷор дар Петербург нишон дод, ки дар кишварҳои аъзои СҲШ гурӯҳҳои тундрав фаъолият мебаранд.

"Дар кишварҳои СҲШ  гурӯҳҳои пинҳонкори доишӣ ташкил шудаву фаъолият мекунанд. Инро тафтишоти инфиҷори Петербург нишон дод. Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда ДОИШ нақшаҳои наве барои фитна ангехтан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷануби Русия мекашад ",- гуфт Путин дар Иҷлосияи сарони кишварҳои СҲШ дар Остона.

"Бояд ҳамаҳангсозии хадамотҳои амнияти кишваҳои аъзои Созмони Шанхайро тақвият бахшид, то  дар минтақаҳо  зидди теруризм самаранок мубориза бурда тавонанд",- гуфт Владимир Путин.

Лентаи хабарҳо
0