Набераи Никита Хрушев зери чархи қатор ба ҳалокат расид

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкРоҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ
Роҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Юлия Хрушева ҳангоми аз роҳи оҳан гузаштан, эҳтимол аз наздикшавии қатора бехабар монд

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Набераи Котиби аввали Кумитаи марказии КПСС Никита Хрушев зери чархи қатор ба ҳалокат расид.

Бино бар гузори  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, набераи котиби аввал, ки 77-сола буд, дар истгоҳи "Солнечная" ба ҳалокат расидааст. Эҳтимол меравад, ки зан ҳангоми газаштан аз роҳи оҳан аз наздикшавии қатор бехабар мондааст.

Ин ҳодиса субҳи 8-уми июн рух дод. Мувофиқи маълумоти пешакӣ Хрушеваро қаторе пахш кард, ки аз ноҳияи Внуково ба Маскав ҳаракат мекард. Зан дар натиҷаи ҷароҳатҳои бардошта ба ҳалокат расидааст.

Юлия Хрушева, набераи Никита Хрушев, духтари Леонид Хрушев соли 1940 таваллуд шудааст. Пас аз он, ки падараш бедарак гум мешавад, бобояш вайро фарзандхонӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0