ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Бино ба иттиллоъи хабаргузории РИА Новости Доланд Трамп гуфтааст, ки "Эрон теруризмро сарпарастӣ мекунад ва худаш ба коми он хоҳад афтод".
Вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф изҳороти Доналд Трампро танқид кард.
"Таноқузҳои Кохи Сафед ва таҳримҳои сенат замоне садо дод, ки эрониҳо бо пуштибонии ИМА ба ҳамлаҳои теруристӣ бархӯрданд. Мардуми Эрон чунин дӯстиии Амрикоро рад мекунад", — навиштааст Зариф дар саҳифаи твитери худ.
Димрӯз, 7 июн ҷангиёни гурӯҳи тундрав ба бинои парлумони Эрон ва оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ дар Теҳрон ҳуҷум карданд. Дар паи он ҳадди ақал 12 нафар кушта ва ҳудуди 40 тани дигар захмӣ шудаанд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифт.