ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ин амалҳои теруристиро шадидан маҳкум кардааст.
"Мо ин ҷинояти золимонаи теруристонро қатъиян маҳкум намуда, зарурати таъхирнопазири тақвияти муборизаи беамону дастаҷамъонаро бо ҳамагуна зуҳуроти теруризм ва ифротгароӣ муҷаддадан таъкид менамоем", — омадааст дар нома.
Ҳамдардиву тасаллияти самимии ин ҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон изҳор намуда, аз даргоҳи Худованд ба онҳо сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комилро масъалат дорем, — гуфтааст раисҷумҳур.
Дирӯз, 7 июн ҷангиёни гурӯҳи тундрав ба бинои парлумони Эрон ва оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ дар Теҳрон ҳуҷум карданд. Дар паи он ҳадди ақал 12 нафар кушта ва ҳудуди 40 тани дигар захмӣ шудаанд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифт.