ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Бино ба додаҳои Вазорати корҳои дохила ин ҷиноят аз ҷониби наврасони шаҳр содир шудааст.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо иттиҳоми дуздӣ панҷ кас аз ҷавонони пойтахттро дастгир кардаанд.
Гуфта мешавад, ки чор нафар аз дуздон 17 сола ва як нафар 18 сол дошта, ҳамагӣ бошандагони шаҳри Душнабе ҳастанд. Онҳо бо рабудани худрави шахси бегона ба ҷабрдида ба қадри ҳашт ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд.
Аз рӯи далели мазкур тафтишот идома дорад.
Қаблан ВКД дар бораи бетартибиҳои наврасон дар дабистонҳо хабар дода буданд.