"Саркардаи мофиёи тоҷик" дар Русия дастгир шуд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкЗадержанный.. Архивное фото
Задержанный.. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Лутфуллоҳ Муҳаммадиевро кормандони Вазорати умури дохилаи Русия дар шаҳри Вяземки дар вилояти Владимир дастгир кардаанд. Нерӯҳои интизомии Русия боздошти ӯро "зарбае камаршикан бар яке аз гурӯҳҳои базаҳкори созмонёфтаи тоҷикӣ" мешуморанд

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. нерӯҳои интизомии Русия дар вилояти Владимир саркардаи яке аз гурӯҳҳои созмонёфтаи табаҳкори тоҷикӣ Лутфуллоҳ Муҳаммадиевро дастгир кардаанд.

Расонаҳои русӣ бо такя ба гузориши нерӯҳои инизомӣ хабар додаанд, ки Лутфуллоҳ Муҳаммадиев дар шаҳри Вяземки дастгир шуда, ки чанд сол боз онҷо хона доштаву зиндагӣ ба сар мебурд. Пулис ҳангоми бозҷӯӣ аз ин хона чанд норанҷак, миқдоре маводи мухаддир ва ҳамчунин адабиёте бо муҳтавои ифротӣ пайдо кардааст.

Нерӯҳои интизомии Русия боздошти ӯро "зарбае камаршикан бар гурӯҳи базаҳкори созмонёфтаи тоҷикӣ ба раҳбарии ҳоҷӣ Абдуҷаббор" шумурдаанд. Пулиси Русия гуфта, ки бисёре аз муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар бозорҳои Маскав кор мекунанд, ба ҳоҷӣ Абдуҷаббор "боҷ" медиҳанд ва Лутфуллоҳу дастааш аз ӯ бо зӯр пуштибонӣ мекардаанд.

Бархе расонаҳо пештар Лутфуллоҳ Муҳаммадиевро фармондеҳи пешини яке аз ягонҳои вижаи Вазорати умури дохилаи ҶТ гуфта буданд, вале ВУД ҶТ ин хабарҳоро такзиб кардаву гуфтааст, ки вай бозҷӯи яке аз идораҳои ин ниҳод будааст. ВУД ҶТ ҳамчунин гуфта, ки Муҳаммадиев соли 2001 бо фармони вазири умури дохила аз нерӯҳои интизомӣ ихроҷ шуда будааст.

Нерӯҳои интизомии Русия пештар аз дар гирифтани ҷанг миёни гурӯҳҳои табаҳкори тоҷикон дар ин кишвар гузориш дода буданд. Гуфта мешуд, ки дастаҳои Абдуҷаббор ва Лутфуллоҳ, ки пештар ҳамдастӣ доштанд, ба якдигар дар афтодаанд. Абдуҷаббор пештар бахше аз даромадашро ба Лутфуллоҳ медода, вале сипас хоста худ дастае аз варзишгарон ташкил кунад ва аз зери дасти ӯ бадар ояд. Ихтилоф бар сари тақсими даромад аз табаҳкорӣ ҷанҷоле доманадор миёни ин ду базаҳкор барангехта буд.

"Агар ин ҷанҷол ҷанге дар пай дошта бошад, бисёр касон ҷонашонро аз даст хоҳанд дод", — гуфта мешуд дар гузориши нерӯҳои интизомии Русия.

Ёдоварӣ мекунем, ки моҳи майи соли 2016 дар яке аз оромгоҳҳои бузурги Маскав ҷанҷоле сар зада буд, ки аз ду тараф дар он 200 — 400 муҳоҷир, аз он ҷумла аз Тоҷикистон, ширкат доштанд.

Лентаи хабарҳо
0