ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе барои таъмири "Маркази санитарию эпидемиологӣ" тендер баргузор мекунад.
Дар ин росто раиси шаҳр қарор дар бораи баргузории тендер баровардааст.
Дар қарори Рустам Эмомалӣ омадааст, ки барои "Таъмири Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе" фармоишгар — муассисаи давлатии "Раёсати сохтмони асосӣ" шаҳри Душанбе бояд тендер эълон ва баргузор кунад.
Манбаъ меафзояд, ки тендер бояд бо ширкати номаҳдуди довталабон гузаронида шавад.
Ҳамин тавр баъди таъмири Маркази санитарию эпидемиолологӣ, шаҳрнишинон аз бинои тоза бархӯрдор хоҳанд шуд.