Ҳамдиливу ҳамдардии Владимир Путин бо эрониён

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин, архивное фото
Президент РФ Владимир Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар пайванд бо кушта шудани шуморе аз мардум дар паи ҳамлаи теруристӣ ба Маҷлиси шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва оромгоҳи оятуллоҳ Хумайнӣ дар Теҳрон барои раисҷумҳур Ҳасан Руҳонӣ телегроми таслият ирсол кард

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи дафтари иттилоърасонии Кремл, раҳбари Русия ин ҷиноётро ба шиддат накӯҳиш карда ва таъкид намуд ки чунин рухдодҳое зарурати густариши ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо гурӯҳҳои теруристиро собит мекунанд.

Владимир Путин ҳамчунин гуфт, ки Русия омода аст иқдомоти муштарак бо Эронро дар ростои пайкор бо ҳаросафканӣ идома бидиҳад.

Дар иттилоъияи дафтари матбуъотии раҳбари Русия гуфта мешавад: "Путин ҳамдилӣ ва ҳамдардии худро бо хонаводаҳои кушташудагон эълом дошт ва орзу кард ки осебдидагон ҳарчи зудтар тандурустии худро боз ёбанд".

Вазорати кишвари Эрон бо судури иттилоъияе муҳоҷимони ҳамалоти имрӯзи Теҳронро шаш нафар эълом кардааст. Бар асоси ин иттилоъия, ду нафар аз муҳоҷимон вориди оромгоҳи оятуллоҳ Хумайнӣ ва чаҳор нафар вориди сохтмони Маҷлиси шурои исломӣ шуда буданд.

Вазорати кишвари Эрон гуфта, ки аз ду муҳоҷим ба оромгоҳи бунёдгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон яке бар асари амалиёти интиҳорӣ ва дигаре ба зарби гулӯлаи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон кушта шудаанд.

Аз гурӯҳи дувуми муҳоҷимон ки Маҷлисро ҳадаф гирифта буданд, як нафар ба асари мунфаҷир кардани ҷалиқаи инфиҷорӣ кушта ва се нафари дигарро посдорони маҷлис нобуд кардаанд.

Бино ба охирин хабарҳо, дар ин ҳамалот 12 шаҳрванд кушта ва беш аз чиҳил кас захмӣ шудаанд.  

Лентаи хабарҳо
0