ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Бунгоҳи пажӯҳишҳои гардишгарии ТурСтат шаҳрҳои қадима ва торихии Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсудро муайян кард, ки ба далели осори торихӣ ва фарҳангияшон дар миёни ҷаҳонгардон номдор гаштаанд.
Ин даҳгона шаҳрҳои Туркистон ва Тароз дар Қазоқистон, Самарқанд ва Бухоро дар Узбакистон, Ганҷа дар Озарбойҷон, Витебск дар Белорус, Гюмри дар Арманистон, Хуҷанд дар Тоҷикистон ва Марв дар Туркманистонро дар бар мегирад.
Радабандӣ дар асоси таҳлили маркази гардишгарӣ тартиб дода шудаст.
Бино бар додаҳои ТурСтат, Туркистон беш аз 1500 сол пешина дорад, ҳамасола аз ин шаҳр 1 милюн гардишгар боздид мекунанд.
Шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро беш аз 2500 сол пешина дошта, ҳамасола беш аз 1 милюн ҷаҳонгардро мепазиранд, гуфта мешавад дар гузориш.
Шаҳри Тароз солона камобеш 500 ҳазор гардишгарро меҳмон мекунад.
Ожонси пажӯҳишӣ торихи шаҳри Ганҷаро беш аз 4000 сол гуфта, муайян намудааст, ки солиёна 400 ҳазор гардишгар аз он дидан мекунанд.