ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Тавре Sputnik Эрон хабар медиҳад, фарди ношиносе дар тирандозӣ дар Маҷлиси Эрон як нафарро кушта, се касро захмӣ кардааст.
Дар ҷаласаи имрӯза дар парлумони Эрон афроди ношиносе сӯи муҳофизони маҷлис тир кушоданд.
Бино бар гузориши расонаҳои форсӣ онҳо то ҳол машғули тирандозӣ ҳастанд. Далели ин амали шахсони номаълум ҳоло маълум нест.
Sputnik Эрон дар такя ба манобеи худ мегӯяд, субҳи имрӯз соати 10:30 бо вақти Теҳрон 4 нафар фарди мусаллаҳ бо тирандозӣ вориди Маҷлис шуда, сӯйи муҳофизони парлумон тир кушоданд.Тиранзозӣ то ҳол давом дорад. Дар ҳоли ҳозир аз хуруҷи намояндагон ва хабаргузорон ҷилавгирӣ мешавад. Дарҳои парлумон баста шудаанд. Ҳоло афроду ҳуҷумкарда аз ҷониби муҳофизони Маҷлис боздошт нашудаанд.