Тӯйи тоҷикӣ дар Маскав: ҷашнвораи Тоҷикистону Русия

Обуна шудан
Рӯзи 4 июн дар музеи Маскав ҷашнвораи фарҳангии Тоҷикистону Русия "Помир - Маскав" баргузор шуд

Баргузоркунандагони ҷашнвораи фарҳанги тоҷикиву русии "Помир — Маскав" майдонгоҳеро, ки дар миёни сохтмонҳои ин музей ҷой дорад, барои муддате гӯшае аз Тоҷикистон гардонда буданд.

Яке аз барномаҳои аслии ин ҷашнвора баргузории ҷашни арӯсӣ бо иҷрои ҳама суннатҳои асливу қадимии он буд, ки дар ҳамин хона бояд баргузор мешуд.

Фестиваль культур России и Таджикистана, Памир-Москва - Sputnik Тоҷикистон
"Мо аз Помир омадем...": ҷашнвораи фарҳанги Тоҷикистону Русия дар Маскав

Пеш аз он ки домод арӯсашро ба ин хона биёрад, муҷриёни ин бахш аз барнома Умед Ҷайҳонӣ ва Давлатсултон Назархудоева дар бораи ториху меъмории хонаи суннатии помирӣ барои меҳмонон аз дуру наздик ва русу тоҷик тавзеҳоте доданд.

Беш аз 3 500 кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз муҳоҷиру муқим дар Маскав аз ин ҷашнвораи фарҳангӣ боздид карданд.

Ин ҷашнвораро Музеи Маскав дар ҳамкорӣ бо созмони тоҷикии "Нур", гурӯҳи мусқии "Аркадий Котс", гурӯҳи Cineminers ва Бунёди Роза Луксембург омода карда буданд. Дар маросими оғози раҳбари созмони иҷтимоъии "Нур" Алимамад Боймамадов, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ, коргардон Анна Моисеенко суханронӣ карданд.

© Sputnik / Стас ЭтвешБо ин ҳадаф дар майдонгоҳ кӯчае аз рустоҳои кӯҳистониро бозсозӣ карда буданд ва хонае дар он сохта буданд то ҳар муҳоҷире худро дар хонааш эҳсос кунад.
Ҷашнвораи Тоҷикистону Русия Помир - Маскав - Sputnik Тоҷикистон
1/20
Бо ин ҳадаф дар майдонгоҳ кӯчае аз рустоҳои кӯҳистониро бозсозӣ карда буданд ва хонае дар он сохта буданд то ҳар муҳоҷире худро дар хонааш эҳсос кунад.
© Sputnik / Стас ЭтвешЧун анъана қариб дар ҳавлии ҳар як хонадони тоҷик кабки дарӣ нигоҳ дошта мешавад.
Ҷашнвораи Тоҷикистону Русия Помир - Маскав - Sputnik Тоҷикистон
2/20
Чун анъана қариб дар ҳавлии ҳар як хонадони тоҷик кабки дарӣ нигоҳ дошта мешавад.
© Sputnik / Стас ЭтвешАнна Моисеенко - коггардони филми "Суруди Абдул". Намоиши филм низ яке аз барномаи ҷашнвора буд.
Ҷашнвораи Тоҷикистону Русия Помир - Маскав - Sputnik Тоҷикистон
3/20
Анна Моисеенко - коггардони филми "Суруди Абдул". Намоиши филм низ яке аз барномаи ҷашнвора буд.
© Sputnik / Стас ЭтвешНамоиши асбобҳои милии мусиқӣ.
Ҷашнвораи Тоҷикистону Русия Помир - Маскав - Sputnik Тоҷикистон
4/20
Намоиши асбобҳои милии мусиқӣ.
© Sputnik / Стас ЭтвешДар канори "хонаи помирӣ" маконеро бозоргоҳ карда буданд, ки дар он маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик ба намоиш гузошта шуда буд.
Ҷашнвораи Тоҷикистону Русия Помир - Маскав - Sputnik Тоҷикистон
5/20
Дар канори "хонаи помирӣ" маконеро бозоргоҳ карда буданд, ки дар он маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик ба намоиш гузошта шуда буд.
© Sputnik / Стас ЭтвешЯке ҷӯробҳоро медиду дигаре тоқӣ ба сар мекард, севумӣ мӯраҳои рангорангро ба гардан меовехту чаҳорумӣ печакҳо ё наворҳои рангорангро, ки дар гесувонаш мебофт.
Ҷашнвораи Тоҷикистону Русия Помир - Маскав - Sputnik Тоҷикистон
6/20
Яке ҷӯробҳоро медиду дигаре тоқӣ ба сар мекард, севумӣ мӯраҳои рангорангро ба гардан меовехту чаҳорумӣ печакҳо ё наворҳои рангорангро, ки дар гесувонаш мебофт.
© Sputnik / Стас Этвешҳадаф аз баргузории ин ҷашнвора намоиши ҳунару фарҳанги тоҷикон ба манзури посдошти он дар миёни муҳоҷирон ва мондгоршудагон дар Русия ва ҳамчунин ошносозии русҳо бо фарҳанги тоҷикон аст.
Ҷашнвораи Тоҷикистону Русия Помир - Маскав - Sputnik Тоҷикистон
7/20
ҳадаф аз баргузории ин ҷашнвора намоиши ҳунару фарҳанги тоҷикон ба манзури посдошти он дар миёни муҳоҷирон ва мондгоршудагон дар Русия ва ҳамчунин ошносозии русҳо бо фарҳанги тоҷикон аст.
© Sputnik / Стас ЭтвешРаҳбари созмони "Нур" Алимамад Боймамадов дар мусоҳиба бо мо аз баргузории ин барнома чунин натиҷагирӣ кард, ки Музеи Маскав "хонаи помириро" бисёр писандида ва дархост карда, ки онро дар шуӯъбаи ин осорхона дар парки Кузминки бозсозӣ кунанд ва пешниҳоде ҳам шуд, ки дигар ҷои баргузории туйи домодию арусии тоҷикони Маскав бошад.
Ҷашнвораи Тоҷикистону Русия Помир - Маскав - Sputnik Тоҷикистон
8/20
Раҳбари созмони "Нур" Алимамад Боймамадов дар мусоҳиба бо мо аз баргузории ин барнома чунин натиҷагирӣ кард, ки Музеи Маскав "хонаи помириро" бисёр писандида ва дархост карда, ки онро дар шуӯъбаи ин осорхона дар парки Кузминки бозсозӣ кунанд ва пешниҳоде ҳам шуд, ки дигар ҷои баргузории туйи домодию арусии тоҷикони Маскав бошад.
© Sputnik / Стас ЭтвешМуҷриёни ин бахш аз барнома Умед Ҷайҳонӣ ва Давлатсултон Назархудоева дар бораи ториху меъмории хонаи суннатии помирӣ барои меҳмонон аз дуру наздик ва русу тоҷик тавзеҳоте доданд.
Ҷашнвораи Тоҷикистону Русия Помир - Маскав - Sputnik Тоҷикистон
9/20
Муҷриёни ин бахш аз барнома Умед Ҷайҳонӣ ва Давлатсултон Назархудоева дар бораи ториху меъмории хонаи суннатии помирӣ барои меҳмонон аз дуру наздик ва русу тоҷик тавзеҳоте доданд.
© Sputnik / Стас ЭтвешНавозандагон дар ҷустуҷӯи созе чун рубобу сетору дутор буданд. Вале ҳаводорони мусиқӣ чашм ба ангуштони созандагон дӯхтаву остинро бар зада омодаи рақс буданд.
Ҷашнвораи Тоҷикистону Русия Помир - Маскав - Sputnik Тоҷикистон
10/20
Навозандагон дар ҷустуҷӯи созе чун рубобу сетору дутор буданд. Вале ҳаводорони мусиқӣ чашм ба ангуштони созандагон дӯхтаву остинро бар зада омодаи рақс буданд.
© Sputnik / Стас ЭтвешРақсу бозӣ ва хурсандии тоҷикони Маскав.
Ҷашнвораи Тоҷикистону Русия Помир - Маскав - Sputnik Тоҷикистон
11/20
Рақсу бозӣ ва хурсандии тоҷикони Маскав.
© Sputnik / Стас ЭтвешДафсоз дар иҷрои мусиқачиён.
Ҷашнвораи Тоҷикистону Русия Помир - Маскав - Sputnik Тоҷикистон
12/20
Дафсоз дар иҷрои мусиқачиён.
© Sputnik / Стас ЭтвешАксари духтарони тоҷик тоқӣ ба сар ва мӯйҳои бофта ба ҷашнвора ҳозир шуда буданд.
Ҷашнвораи Тоҷикистону Русия Помир - Маскав - Sputnik Тоҷикистон
13/20
Аксари духтарони тоҷик тоқӣ ба сар ва мӯйҳои бофта ба ҷашнвора ҳозир шуда буданд.
© Sputnik / Стас Этвеш"Домод" ин "маросим"-ро ҷиддӣ гирифта буду мехост аз фурсати муносиб истифода бурда, "арӯс"-ро ҳамонҷо хостгорӣ кунад.
Ҷашнвораи Тоҷикистону Русия Помир - Маскав - Sputnik Тоҷикистон
14/20
"Домод" ин "маросим"-ро ҷиддӣ гирифта буду мехост аз фурсати муносиб истифода бурда, "арӯс"-ро ҳамонҷо хостгорӣ кунад.
© Sputnik / Стас ЭтвешҲофизон тӯйи навхонадоронро ба ҷавонон табрик гуфтаву меҳмононро бо сурудҳои дилнавоз ба рақс даъват мекарданд.
Ҷашнвораи Тоҷикистону Русия Помир - Маскав - Sputnik Тоҷикистон
15/20
Ҳофизон тӯйи навхонадоронро ба ҷавонон табрик гуфтаву меҳмононро бо сурудҳои дилнавоз ба рақс даъват мекарданд.
© Sputnik / Стас ЭтвешБо дуои хайр навхонадорон ба хонаи бахт гусел карда шуданд.
Ҷашнвораи Тоҷикистону Русия Помир - Маскав - Sputnik Тоҷикистон
16/20
Бо дуои хайр навхонадорон ба хонаи бахт гусел карда шуданд.
© Sputnik / Стас ЭтвешАгар тоҷикон аз тамошои ин ҷашну базму хона аз ёру диёр ёд мекарданд, хориҷиён аз он шигифтзада шуда буданд. Мизбонон барои онҳо дар "хонаи помирӣ" дасторхонеро густардаву бо палаву ширчойу нону кулчаву мавизу туту зардолу ва дигар хӯрданиҳову шириниҳо ороста буданд. Хориҷиён оши палавро чашидаву барпо шудани як хонаводаи ҷавонро бо забонҳои гуногун табрик мегуфтанд.
Ҷашнвораи Тоҷикистону Русия Помир - Маскав - Sputnik Тоҷикистон
17/20
Агар тоҷикон аз тамошои ин ҷашну базму хона аз ёру диёр ёд мекарданд, хориҷиён аз он шигифтзада шуда буданд. Мизбонон барои онҳо дар "хонаи помирӣ" дасторхонеро густардаву бо палаву ширчойу нону кулчаву мавизу туту зардолу ва дигар хӯрданиҳову шириниҳо ороста буданд. Хориҷиён оши палавро чашидаву барпо шудани як хонаводаи ҷавонро бо забонҳои гуногун табрик мегуфтанд.
© Sputnik / Стас ЭтвешРӯбарӯи "хона" саҳнае буд, ки пас аз "ҷашни арӯсӣ" дар он намоиши пӯшоки суннатии арӯсу домод баргузор шуд. Муҷриёни ин барнома Фарзона Ширинбек ва Умед Ҷайҳонӣ дар бораи рамзу маънии рангҳо ва ҳар кадоме аз пӯшокҳо тавзеҳоте муфассал доданд.
Ҷашнвораи Тоҷикистону Русия Помир - Маскав - Sputnik Тоҷикистон
18/20
Рӯбарӯи "хона" саҳнае буд, ки пас аз "ҷашни арӯсӣ" дар он намоиши пӯшоки суннатии арӯсу домод баргузор шуд. Муҷриёни ин барнома Фарзона Ширинбек ва Умед Ҷайҳонӣ дар бораи рамзу маънии рангҳо ва ҳар кадоме аз пӯшокҳо тавзеҳоте муфассал доданд.
© Sputnik / Стас ЭтвешМусиқии анъанавӣ дар ҷашнвораи Тоҷикистону Русия "Помир - Маскав".
Ҷашнвораи Тоҷикистону Русия Помир - Маскав - Sputnik Тоҷикистон
19/20
Мусиқии анъанавӣ дар ҷашнвораи Тоҷикистону Русия "Помир - Маскав".
© Sputnik / Стас ЭтвешҶашнвораи Тоҷикистону Русия "Помир - Маскав"
Ҷашнвораи Тоҷикистону Русия Помир - Маскав - Sputnik Тоҷикистон
20/20
Ҷашнвораи Тоҷикистону Русия "Помир - Маскав"
Лентаи хабарҳо
0