ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Шахсоне, ки бо парвандаи ҷиноӣ айбдор мешаванд, дар Узбакистон паноҳгоҳи сиёсӣ намегиранд.
Бино ба иттилоъи РИА Новости тибқи қарори раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев, паноҳгоҳи сиёсӣ ба шахсони айбдоршаванда дар кидрдори ҷиноӣ дода намешавад.
"Ба шахсоне, ки кирдори онҳо дар кишвар чун ҷиноят эътироф шудааст, ё амалҳои содиргардидаи онҳо, бар хилофи принсипҳои СММ аст, паноҳгоҳи сиёсӣ дода намешавад", — омадааст дар хабарнома.
Қаблан хабар дода шуд, ки раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев аз сохторҳои кишвардории Узбакистон хостори таҳия ва пешниҳоди муқаррароти додани паноҳандагии сиёсӣ дар он кишвар шуд.