Ҳифзи гуногунӣ: Орумбекзода бо вазирони давлатҳои СҲШ мулоқот кард

© Фото : Министерство культуры РТВстреча министров культуры стран ШОС проходила в Астане 2 июня
Встреча министров культуры стран ШОС проходила в Астане 2 июня - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар ҷаласаи фарҳангии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой ширкат кард

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Рӯзи 2 июн дар шаҳри Остонаи Қазоқистон 14-умин ҷаласаи вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа, ки ду рӯз идома дошт, вазирон дурнамои ҳамкориҳо ва раванди амалисозии Тавофуқномаи ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви созмонро баррасӣ карданд.

Мулоқоти муовини аввали вазири фарҳанг Ибодулло Машрабов бо намояндаи ЮНЕСКО - Sputnik Тоҷикистон
Ғайр аз Наврӯзу палав боз чӣ доред?: дидори Машрабов бо Пиккат

Онҳо бар посдошту нигаҳдории гуногунии фарҳангҳо ва эҳтироми мардумони мухталиф, тарғиби тарододҳои фарҳангии мардумони кишварҳои узв таъкид карда, омодагияшонро барои табодули таҷрибаҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои Роҳи бузурги Абрешим изҳор карданд.

Дар ин нишаст ҳамчунин вазирони фарҳанги Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Чин, Русия, муовини дабири кулли СҲШ Носиров, намояндагони Ҳиндустон ва Эрон ширкат карданд.

Лентаи хабарҳо
0