Навори ҷашнвораи "Тоҷикистон - Русия" дар музеи Маскав

Обуна шудан
Дирӯз Музеи Маскав мизбони тоҷикон буд. Баргузоркунандагони ҷашнвораи фарҳанги тоҷикиву русии "Помир - Маскав" майдонгоҳеро, ки дар миёни сохтмонҳои ин музей ҷой дорад, барои муддате гӯшае аз Тоҷикистон гардонда буданд

Ҳарчанд имрӯзҳо дар пойтахти Русия "ҳаво бас ноҷавонмардона сард аст", аммо беш аз 3 500 кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз муҳоҷиру муқим дар Маскав аз ин ҷашнвораи фарҳангӣ боздид карданд.

Ин ҷашнвораро Музеи Маскав дар ҳамкорӣ бо созмони тоҷикии "Нур", гурӯҳи мусқии "Аркадий Котс", гурӯҳи Cineminers ва Бунёди Роза Луксембург омода карда буданд. Дар маросими оғози раҳбари созмони иҷтимоъии "Нур" Алимамад Боймамадов, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ, коргардон Анна Моисеенко суханронӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0