Донишҷӯёни тоҷикро дар Фаронса муттаҳид мекунанд

© Flickr \ Long ZhengПариж. Архивное фото
Париж. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Фаронса бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар макотиби олии Фаронса таҳсил мекунанд дидор карданд

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон суҳбат бо донишомӯзони тоҷик дар Фаронса рӯзи 2 июн баргузор шудааст.

Намояндагони сафорат бо донишҷӯён масъалаи таъсис додани "Маҳфили донишҷӯёни  тоҷик дар Фаронса" — ро муҳокима кардаанд.

Манбаъ меафзояд, ки ин маҳфил бо мақсади муттаҳид сохтани ҷавонон ва пешбурди сиёсати Тоҷикистон амал хоҳад кард.

Соли 2017 дар Тоҷикистон чун Соли ҷавонон эълом шудааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сухани табрикотии худ дар Рӯзи ҷавонон  гуфт, ки ҷавононро зарур аст, мунтазам ба машқу тамрин машғул шаванд, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва ихтироъкориву навоварӣ ҷиддӣ муносибат кунанд ва бо дастовардҳои хеш Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври арзанда муаррифӣ намоянд.

Лентаи хабарҳо
0