Дар ноҳияи Ҳамадонӣ бунгоҳи милиса кушоданд

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикские милиционеры, архивное фото
Таджикские милиционеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои нозирони минтақавии ноҳияи Ҳамадонӣ бунгоҳ ифтитоҳ гардид

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати корҳои дохилаи ҶТ ин бино дар доираи сафари вазир Рамазон Раҳимзода ба шаҳри Кӯлоб ва ба муносибати Рӯзи Ваҳдат сохта шуд.

Манбаъ меафзояд, ки бино аз ҳуҷраҳои корӣ ва толори маҷлисгузаронӣ иборат мебошад. Ҳуҷраҳои корӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои алоқа муҷаҳҳаз гардидааст.

Дар маросими кушодашавии бино полковники милитсия Абдусаттор Фатоҳзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳайати шахсӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ ширкат карданд.

1/2
Милисахона дар ноҳияи Ҳамадонӣ
Лентаи хабарҳо
0