ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати корҳои дохилаи ҶТ, ташкилоти банулмилалии "Кӯмак ҳангоми сӯхтор" ба ин ниҳод се адад худрави оташнишонӣ, як адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ дода, тарзи истифода аз онҳоро ба кормандони тоҷик фаҳмонд.
Кӯмаки башардӯстона рӯзи 2 июн дар варзишгоҳи машқӣ — таълимии ВКД аз ҷониби сафири Бритониё дар Тоҷикистон Ҳю Фоллотт ба вазир Раҳимзода Рамазон супорида шуд.
Манбаъ меафзояд, ки дар доираи ҳамкориҳои байнулмилалии ВКД созмони "Кӯмак ҳангоми сӯхтор", аз 19 май то 1 июни соли 2017 бо оташнишонони тоҷик ва кормандони ҷузъу томҳои он тренингҳои омӯзишӣ дар самти расонидани кӯмак ба ҷабрдидагони ҳодисаҳои сӯхтор, садамаҳои нақлиётӣ, дигар ҳолатҳои фавқулода гузаронид.
Онҳо ҳамчунин кормандони ВКД —ро роҳҳои паст намудани сатҳи фавт ва осеб дидани одамон нишон доданд.
"Бритониё ба Вазорати корҳои дохилӣ 3 адад худравҳои оташнишонӣ як адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ таҷҳизоти гуногуни техникӣ ва дигар лавозимоти самти оташнишонию тиббӣ тӯҳфа кар", — омадааст дар хабарнома.
Ба намояндагони ташкилоти бритонии "Кӯмак ҳангоми сӯхтор", ва ширкаткунандагон тӯҳфаҳои хотиравӣ ва сертификатҳо супорида шуданд.