САҲА фаъолияташро дар Тоҷикистон маҳдуд мекунад

© AP / Sergei GritsЛоготип ОБСЕ, архивное фото
Логотип ОБСЕ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дафтари САҲА мақоми намояндагии худро дар Душанбе аз моҳи июл тағйир медиҳад

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Урупо дар Тоҷикистон аз аввали моҳи июл мақоми худро тағйир дода чун Дафтари барномаҳаои САҲА фаъолият хоҳад кард.

"Бино бар ин қарор Дафтари САҲА дар Душанбе фаъолияташро дар заминаҳои низомӣ — сиёсӣ, иқтисодӣ, муҳити зист ва умури башардӯстона бо ҳадафи пуштибонӣ аз давлати Тоҷикистон бар асоси усули ва аҳдофи созмон ба роҳ мемонад", — омадааст дар ин иттилоъия.

Равобити давлати Тоҷикистон ва САҲА замоне тира шуд, ки ҳайътаи Тоҷикистон соли 2016 маҷлисгоҳи ин ниҳодро дар Варшава дар эътироз ба ширкати аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ, ки фаъолияташ дар ҶТ мамнуъ шудааст, тарк карда буд.

Пештар хабар дода шуд, ки моҳи марти соли 2017 Дафтари САҲА фаъолияташаро дар Тоҷикистон то тобистони имсол тамдид мекунад. Охири моҳи май ҳайъати Тоҷикистон аз ширкат дар ҷаласаи САҲА дар Вена бидуни тавзеҳот даст кашид.

Дар назар буд, ки дар ин ҷаласа масоили мубориза бо теруризм, ифротгароӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳифзи озодии сухан ва интернет баррасӣ шаванд.

Лентаи хабарҳо
0