Шумораи ҳалокшудагон ба 7 кас расид. Навори фоҷиаи Лондон

Обуна шудан
Шумораи ҳалокшудагон дар таркиши Лондон ба ҳафт кас расид

Имшаб дар Лондон инфиҷор ба амал омад. Се шахси номаълум нахуст ба тарафи пиёдагардон бо микроавтобус ҳуҷум карда баъдан бо корд ба шаҳрвадон ҳамла намуданд.

Кормандои ҳифзи ҳуқуқи Лондон гунаҳкоронро нобуд кард.

Дар паи фоҷиа ҳафт кас ҳалок ва беш аз 48 тан захмӣ шуда дар бемористон бистарӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ин сеюмин инфиҷор дар давоми 2,5 моҳи ахир дар Бритониё мебошад.

Қаблан дар 22 май дар майдони консертии "Манчестер Арена" таркиш ба амал омада дар паи он 19 кас ҳалок ва 59 тани дигар захмӣ шуда буд.

Ин таркиш замоне ба вуқӯъ омад, ки дар  майдони "Манчестер Арена" Бритониё овозхони амрикоӣ Ариана Гранде ҳунарнамоӣ мекард. 

Лентаи хабарҳо
0