ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, рӯзи 1 июн бо ширкати нахуствазир, раҳбари дастгоҳи раисҷумҳур, шаҳрдори Душанбе ва роҳбарони дигар вазоратҳо машварати корӣ доир шуда, Эмомалӣ Раҳмон дар бораи омодагӣ ба фасли сармои соли 2017 — 2018 ва таъмини шафофият, ҳангоми гузаронидани санҷишҳо супоришҳои мушаххас дод.
"Барои дар сатҳи зарурӣ ҷамъбаст намудани соли хониш, таъмини шафофияти баргузории имтиҳонҳои қабули довталабон дар Маркази миллии тестӣ,инчунин ташкили истироҳату фароғати кудакону наврасони мамлакат дар истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ ва марказҳои табобатию тавонбахшӣ роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат вазифадор карда шуданд", — омадааст дар хабарнома.
Дафтари матбуотии раисҷумҳур меафзояд, дар машварати корӣ ҳамчунин ба масоили гузаронидани кишти такрорӣ, таъмини бозорҳои мамлакат ва махсусан шаҳри Душанбе бо маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, тайёрии ҷиддӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ ва тадбирҳои тақвиятбахшии таъминоти пойтахт бо нерӯи барқ ва гармӣ баррасӣ шудааст.
Фаъолияти бонизоми соҳаи маориф, хусусан кори Маркази миллии тестӣ, ҷамъбасти соли хониш, ташкили истироҳати тобистонаи мактаббачагон ва дастгирию кӯмаки ҳаматарафаи ятимону бепарасторон ҳам мавриди муҳокима қарор гирифтааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорут идораҳо дастур додааст, барои таъмини пурраи амнияти озуқаворӣ ва иҷрои нишондиҳандаҳои барномаю нақшаҳои соҳаи кишоварзии мамлакат тадбирҳои бетаъхир андешида, кишти такрорӣ, ҷамъоварӣ ва захираю нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, ярмарка-фурӯши маҳсулоти хӯроквориро ташкил намоянд.
Дар ин машварат раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон додситонҳои якқатор навоҳии ВМКБ, Суғд ва Хатлонро иваз кард.