ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи созмони обуҳавошиносӣ имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои гарми бебориш дар назар аст.
Тибқи додаҳои ин ниҳод ҳарорати ҳаво каме баланд мешавад.
Рӯзи якшанбе дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда ва бебориш дар назар аст. Шамол 2 — 7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 16 — 18 рӯзона 35 то 37 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Қурғонтеппа ва вилояти Хатлон ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво то 38 дараҷа гарм хоҳад шуд. Авоили ҳафтаи оянда низ дар ин минтақа боду ҳавои гарм пешгӯӣ мешаад.
Дар вилояти Суғд борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ шуда, шамол 18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво 35 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имрӯз ҳарорати ҳаво 28 — 30 дараҷа гарм. Вале рӯзи душанбе бориши борон пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа поён мефарояд.