Хонандаи синфи 7 даст ба дуздии телефон зад

© Sputnik / Маша Росс / Гузариш ба медиабонкРебенок в школьной форме. Архивное фото
Ребенок в школьной форме. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чораҳои фавруву ҷустуҷӯи бо гумони дӯздӣ писарбачаи 14-сола, хонандаи синфи 7-и яке аз мактабҳои шаҳри Душанберо дастгир карданд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ба мақомоти милитсия марди 26-солаи сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст, ки рӯзи 31-уми майи соли 2017, тахминан соати 10:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз кисааш 1-адад телефони мобилии тамғаи "Сони РС-4", ки арзишаш 4000-сомониро ташкил медиҳад, дуздидааст.

Бино бар иттилои ВКД ҶТ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 14-сола, хонандаи синфи 7-уми мактаби миёна, сокини кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд. 

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0