ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Раёсати тандурустии ҳукумати вилояти Суғд ҳама шароитро барои баргузории "Рӯзҳои миллии ваксинасиюн аз бемориҳои сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" фароҳам оварда ва ин барномаро дар сатҳи лозима анҷом додааст.
Чуноне ки равобити умуми Ҳукумати вилояти Суғд бо истинод ба сармутахассиси бемориҳои кӯдаконаи Раёсати тандурустии вилоят Фахриддин Ҳакимов иттилоъ медиҳад, дар вилоят аз пизишкон, ваксингарон ва сабткунандагон 416 гурӯҳи ваксинкунанда фаъолият дошта, ки феҳристе аз 519 325 кӯдаки ваксиншударо тартиб дода аст. Ҳамчунин тақсими маводи ваксинкӯбӣ, аз ҷумла, ваксина, сӯзандору ва ҳамчунин, ҳуҷҷатҳои зарурӣ, фармоиш, нақшаи чорабинӣ, дастурамалҳо ба шаҳру навоҳии вилоят то оғози чорабинӣ тақсим шуда буд.
Бояд қайд кард, ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 2 ҳафтаи иловагӣ барои давом додани "Рўзҳои миллии иммунизатсияи иловагӣ" муайян карда шуд. Кўдаконе, ки аз сабаби беморӣ ё дигар омилҳо эм нашудаанд, дар ин муддат эмгузаронӣ карда мешаванд.