ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Эрон дар ин паём иқдоми террористии ахир дар Кобул, куштаву захмӣ шудани шаҳрвандони Афғонистонро маҳкум ва ин фоҷиаи дилхарошро ба ҳукумату миллати он кишвар таслият гуфт.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурии Эрон, дар паёми Ҳасан Руҳонӣ ба Ашраф Ғанӣ омадааст:
"Анҷоми ҳамалоти террористии ҷиноятомез дар моҳи мубораки Рамазон нишон медиҳад, омилон, омирон ва ҳомиёни ин гуна иқдомоти кӯр ҳеҷ баҳрае аз дини мубини Ислом ва омӯзаҳои инсонии он набурдаанд".
Руҳонӣ дар паёмаш таъкид карда, ки "дар ин фоҷиаи азим дар канори ҳукумату миллати бародари Афғонистон истодаем. Эрон ба муборизаи қотеъи худ то маҳви комили терур ва ифротгароӣ идома хоҳад дод".
Дар ҳамлаи теруристие, ки дар минтақаи Вазир Акбархони Кобул сурат гирифт, камобеш сад кас ҷон бохта ва 500 кас низ захмӣ шуданд. Гурӯҳи теруристии ДОИШ масъулияти ин ҳамларо ба уҳда гирифтааст. Ин дувумин ҳамлаи хунини аносири ДОИШ дар пойтахти Афғонистон дар камтар аз се моҳи гузашта аст. ДОИШ 9 марти имсол низ ҳамлаи маргбореро ба бемористони артиш дар маркази Кобул анҷом дод, ки 30 кушта ва беш аз 50 захмӣ бар ҷой гузошт.