Тоҷикистону Узбакистон раванди наздик шудани ду кишварро идома медиҳанд

© Sputnik / Семиряга / Гузариш ба медиабонкПограничный пост на границе Таджикистана. Архивное фото
Пограничный пост на границе Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Протоколи ҳамоҳангсозии манотиқи баҳсбарангези марзи Тоҷикистону Узбакистон дар паи беҳбуд ёфтани равобит миёни ду кишвар имзо шуд

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Рӯзномаи русии “Коммерсант” навишта, ки давлатҳои Тоҷикистону Узбакистон раванди наздик шудани ду кишварро, ки бо расидани Шавкат Мирзиёев ба қудрат оғоз ёфта, пайгирона идома медиҳанд.

Чунончи, коргурӯҳи муштараки давлатҳои Тоҷикистону Узбакистон дарнишасте, ки дирӯз дар Душанбе баргузор шуд, аломатгузории марзи миёни ду кишварро баррасӣ карданд. Дар фарҷоми ин нишаст тарафҳо протоколи ҳамоҳангсозии манотиқи баҳсбарангези марзиро имзо карданд.

Коршиноси умури сиёсӣ Абдулғанӣ Мамадазимов мегӯяд, ки дар ин нишаст хатти марз миёни ду кишвар дар қаламрави ноҳияҳои Спитаману Зафаробод ва Бекобод мушаххас шудааст.

“Ин иқдом бояд яке аз баҳсбарангезтарин омилҳо дар равобити ду кишвари ҳамсояро аз миён бардорад”, — гуфта мешавад дар матлаби рӯзномаи “Коммерсант”.

Ба гуфтаи Мамадазимов, гарм шудани равобит ҳамин акнун дар марз эҳсос мешавад: чунончи, марзбонон ва кормандони гумрук нармтар шудаанд ва бадгумонӣ аз марзгузарҳо низ дигар ба чашм намерасад.

Таҳлилгари узбак Фарҳод Толибов низ мегӯяд, ки шиддати масъалаи минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз нисбат ба вазъ дар солҳои 2000-ум фурӯкаш кардааст.

“Ин мавзуъ ҳалл шуда ва акнун хатти марз дар ин минтақа бояд қонунан расмӣ шавад”, — тавзеҳ дод ӯ.

Ёдоварӣ мекунем, ки то кунун 20 дарсад аз 1300 килуметр марз миёни Тоҷикистону Узбакистон аломатгузорӣ нашудааст.        

 

Лентаи хабарҳо
0