Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи фанновариҳои баргаштпазир боздид мекунад

© Flickr \ Официальный сайт президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой 8 - 9 июн дар Остона баргузор мешавад. дар ҳошияи ин нишаст наоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2017 "Энержии оянда" оғоз ба кор хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой ширкат карда ва маросими расмии оғози кори намоишгоҳи байналмилалии ЭСКПО-2017 ҳузур хоҳад дошт.

Бино ба иттилоъи дафтари иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, дар ин намоишгоҳ 100 кишвар ва беш аз даҳ созмонҳои байналмилалӣ фанновариҳои пешрафтаи энержии "сабз" ё баргаштпазирро намоиш хоҳанд дод.

Ин намоишгоҳ аз 10 июн то 10 сентябр боз хоҳад буд. Интизор меравад ки дар ин муддат аз 2 то 5 милюн кас аз он боздид кунад.

Нишасти Созмони ҳамкории Шонгҳой 8 — 9 июн дар Остона баргузор мешавад. Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз раҳбари Чин Си Ҷинпин даъват карда дар ин нишаст ширкат кунад.    

Лентаи хабарҳо
0