Ёде аз Подшобегим Ҳафизова: Афзун зи ҳазор Каъба бошад як дил...

© Фото : Из личного архива Одила ТолибоваПредседатель Детского фонда Таджикистана Подшобегим Хафизова, архивное фото
Председатель Детского фонда Таджикистана Подшобегим Хафизова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳошияи Рӯзи ҷаҳонии кӯдак аз шодравон Подшобегим Ҳафизова, раҳбари пешини Бунёди кӯдакони Тоҷикистон, дар мусоҳиба бо писараш Одил Толибов, ки солҳо дар ин ниҳод кор кардааст, ёд кардем.

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Одил Толибов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, шодравон Подшобегим Ҳафизова барои густариши доманаи фаъолияти Бунёди кӯдакон дар саросари Тоҷикистон бисёр кӯшишу талош мекард. Чунончи, бо кӯшишҳои вай Бунёди кӯдакон тавонист дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар бунгоҳҳое барои пуштибонӣ аз кӯдакон ташкил кунад.

Ба гуфтаи киё Толибов, Бунёд то фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ бо ниҳодҳои мушобеҳи дигар ҷумҳуриҳои шуравӣ, бавижа Русия, ҳамкории танготанг дошт: "Вақте Бунёд кӯдакони маъюбро барои дармон ба кишварҳои хориҷ мебурд, аввал ба Русия меовард ва аз инҷо ба он кишварҳо мефиристод".

Аммо пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ Бунёди кӯдакони Тоҷикистон аз як ниҳоди давлатӣ ба созмони мардумниҳод табдил ёфт ва "Созмони хайрияи дармони кӯдакони маъюб" ном гирифт. Бо оғози ҷанг дар Тоҷикистон шумораи кӯдакони маъюб рӯзафзун шуд ва ин созмон ба чунин кӯдакон, ки дар паи ҷанг бе падару модар монда буданд, дасти ёрӣ дароз кард. Нақшаҳое, ки ин инҳод пештар барои худ дошт, дар ин замон дувумдараҷа шуданд, зеро лозим буд, ки кӯдакони бесарпаноҳро ёрӣ расонанд.

"Шумораи гурезаҳо рӯз то рӯз меафзуд ва кӯдакон низ дар миёнашон бисёр буданд. Дар замони даргириҳо Бунёди аввал 31,7 ҳазор ва сипас 312,6 ҳазор рубл ба кӯдакони ҷангзадаи Тавилдара кумак расонд. Сипас бо ҳазинаи 257,8 ҳазор рубл барои кӯдакони бесарпаноҳмонда ятимхонаҳои хонаводагӣ ташкил карда шуд", — гуфт киё Толибов.

Бунёд дар он замон кӯдакони ҷангзадаро ба бемористонҳои кишарҳои хориҷӣ мефиристод то ройгон доруву дармон бигиранд.

"Дар ҳамон рӯзҳои душвор Бунёд беш аз 360 кӯдаки маъюбро ба Олмон фиристод. Ин кӯдакон вобаста ба вазъашон аз чаҳор моҳ то ду сол дар бемористонҳои Олмон дармон мешуданд ва то як сол пас аз он низ зери назари пизишкони олмонӣ буданд, ки барояшон доруворӣ мефиристоданд", — ба ёд овард вай.

Чунончи, Бунёд Дилбар Муъминова ном духтаракеро аз ноҳияи Бохтар 8 — 10 бор ба Олмон барои дармон фиристода буд. Ӯ камубеш 15 амали ҷарроҳиро аз сар гузаронд то дасту пояшро пайванд заданд.

"Ҳангоми ба Олмон фиристодан ё аз он ҷо баргаштан ӯ ҳамеша дар хонаи мо буд. Акнун ӯ соҳиби хонавода ва чанд фарзан аст. Ӯ аз миён 8 дармонҷӯ ягона касе буд, ки зинда монд ва пас аз ҷароҳиҳои вазнин дармон ёфт. Аксари кӯдаконе, ки бо сармояи Бунёди хайрия ба Олмон дармон шудаанд, ҳамеша бо мо дар тамос ҳастанд. Бархе аз онҳо дар Олмон мондаву зиндагиву кор доранд, дигарон ба Тоҷикистон баргаштанд", — гуфт ӯ.

Вай афзуд, Бунёд кӯдакони камнаворо кумакпулӣ ҳам медод: "Ба беш аз 4 ҳазор хонаводаи камнаво ва кӯдакони бепарастор ба маблағи 1 милюну 888 ҳазор рубл кумак дарёфт карда буданд. Бунёд ҳамчунин мактаб-интенатҳо ва хонаҳои бепарсторонро сарпарастӣ мекард. Чунончи, Мактаб-интернати рақами якуми шаҳри Душнабе пайваста аз Бунёди кӯдакон кумак дарёфт мекард".

Бунёд ҳамчунин дар навоҳии гуногуни кишвар ятимхонаҳо ташкил карда буд ва касонеро, ки аз ятимхонаҳо бепарастореро ба фарзандӣ мегирифтанд, кумакпулӣ медод.

Олим Толибов ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки яке дигар аз барномаҳои Бунёди кӯдакон додани кумакпулӣ ба кӯдакони тезҳуш буд: "Беш аз 45 донишомӯз, ки дар олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои гуногуни кишварӣ ширкат мекарданд, аз Бунёд кумакпулӣ дарёфт мекарданд".

Вай дар бораи зиндагии шодравон Подшобегим Ҳафизова гуфт: "Модарам дар кӯдакӣ ятим ба воя расид. Вай модар надошт ва панҷ хоҳари худро ба танҳоӣ бузург карда буд. Модарам ҳама меҳру муҳаббати худро ба хоҳарон ва кӯдакони бепарстор бахшид. Ҳамеша хонаамон мо пур аз кӯдакон буд. Ҳамеша садои хандаву хушиву шӯхии кӯдакон дар манзили мо баланд буд…"

"Модарам бисёр накӯкор буданд ва шиъораш ин буд:

Дар роҳи Худо ду Каъба омад манзил,

Як Каъбаи сурат асту як Каъбаи дил.

То битвонӣ зиёрати дилҳо кун,

К-афзун зи ҳазор Каъба бошад як дил.

Вақте ба кӯча мебаромад, ҳатман бо кӯдакони бенаво салому аҳволпурсӣ мекард. Гоҳо мешуд, ки агар ятимеро дар кӯча медид, бисёр мегиристу охирин дороии худро ба ӯ медод".

Подшобегим Ҳафизова 20 маи 1940 дар ноҳияи Ишкошим дар хонаводаи кишоварз зода шудааст. Вай солҳо дар симатҳои дабирии кумитаҳои иттиҳоди ҷавонон, ҳизби комунисти ноҳияи Ишкошим, иттиҳодияи касабаи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, кумитаи ҳизби комунисти шаҳри Хоруғ, муовини раиси кумитаи иҷроияи ВМКБ ва кумитаи ҳизби комунисти ВМКБ кор кардааст.

Соли 1988 ба шаҳри Душанбе даъват шуд ва нахуст муовинат ва сипас раёсати Бунёди кӯдакони Тоҷикистонро бар уҳда гирифт. Аз ҳамин замон фаъолияти ӯ дар заминаи умури хайрия ва ёрирасонӣ ба кӯдакон дар саросари кишвар оғоз ёфт. Ин фаъолият дар замони ҷанг на танҳо қатъ нашуд, балки густардатар низ шуд. Дар замони даргириҳо дар кишвар Бунёди кӯдакон садҳо кӯдаки ҷангзадаву бепарастор, гурезхаву бехонумонро наҷот дод. Дар он рӯзҳо, ки тоҷикон худкушӣ мекарданд, Бунёди кӯдакон дар манотиқи ҷангзадаи кишвар ятимхонаву кӯдакистонҳои хонагӣ таъсис медод то кӯдаконро сарпаноҳе диҳад.

Соли 1993 бо кӯшишу талоши Подшобегим Ҳафизова Бунёди кӯдакон ҳамкориро бо бунгоҳи байналмилалии беҳдошти кӯдакон "Friedensdorf International" (Олмон) оғоз кард ва дар паи он садҳо кӯдакони захмиву маъюбшуда дар ҷангро дар Олмон дармон кард. Ҳамчунин дар сафарҳояш ба хориҷ, аз ҷумла Инглистон, Афғонистон, Эрон, Миср, ҳамвора созмонҳои хайрияро ба ёрирасонӣ ба кӯдакони ҷангзадаи Тоҷикистон фаро мехонд. Дар ин росто дар соли 2000 дар заминаи Бунёди кӯдакон Маркази хайрияи солигардонии кӯдаконро бунёд кард.

Ин Марказ дар садҳо кӯдаки маъюбро дар бемористонҳо Олмон ва Тоҷикистон ройгон дармон додааст. Афзун бар дармонгарӣ, Марказ ҳамчунин хонаводаҳои бенаво ва кӯдакони сарпарастро бо хӯроку пӯшок таъмин мекард.

Яке дигар аз бунгоҳҳои кӯдакона, ки Подшобегим Ҳафизова таъсис дода буд, театри "Афсона" аст, ки то кунун фаъолият дорад.

Дилсӯзиву накӯкории Подшобегим Ҳафизова забонзади хосу омм буд. Ин Модари меҳрубону дилсӯз 7 апрели 2005 нобаҳангом дар гузашт. Худованд биёмурзадаш ному ёдаш гиромиву ҷовидон бод!        

Лентаи хабарҳо
0