Дар вақти санҷиши бағоҷи гумонбаршуда, аз ӯ 14-адад тангаҳои гуногун ва як адад нишони сарисинагӣ дарёфт ва мусодира карда шуд, ки мувофиқи хулосаи мутахассисони соҳаи фарҳанги ҷумҳурӣ тангаҳои мусодирашудаи мазкур дорои қиммати таърихиву фарҳангӣ-нумизматикӣ ва осорхонавӣ буда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоли ғайрирасмии онҳо аз ҳудуди ҷумҳурӣ берун манъ карда шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи ҶТ, тангаҳои мусодирашуда: як адад тангаи фулузии "5-Марка", соли бароришаш 1925, як адад тангаи фулузии ҷашнии "Марк", соли бароришаш 1910, як адад сиккаи фулузии "Вилгелма ва Августо", соли бароришаш 1961, як адад сиккаи тангаи фулузии "Вилгелм-2", соли бароришаш 1910, як адад тангаи фулузии "Паул ван Хиноенбург", соли бароришаш 1935, як адад тангаи фулузии "Франк АОС Император Австрия", соли бароришаш 1981, як адад сиккаи тангаи фулузии "2-Лево", соли бароришаш 1882, як адад тангаи фулузии "Один рубл", соли бароришаш 1924, як адад тангаи фулузии "Николай-2", соли бароришаш 1897, як адад сиккаи тангаи фулузии "Один полтинник", соли бароришаш 1925, як адад тангаи фулузии "50-Копеек", соли бароришаш 1922 ва ду адад тангаҳои рангашон заррин, ки ба заробхонаи шаҳри Ҳисор, асри 17-18 тааллуқ доранд ва як адад нишони сарисинагии "Материнская Слава" иборат мебошанд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.