Ҳалокати ҷавони 18-сола аз беэҳтиётӣ ҳангоми оббозӣ дар Душанбе

© Фото : PixabayБерег озера, архивное фото
Берег озера, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавони 18-солае ҳангоми оббозӣ дар “Кӯли ҷавонон”-и Душанбе ғарқ шудааст

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Тавре Вазорати умури дохилаи ҶТ хабар медиҳад, як сокини 18-солаи маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе  ҳангоми оббозӣ дар "Кӯли ҷавонон" ғарқ шудааст.

Манбаъ қайд мекунад, беэҳтиётии ҷавон сабаби марги вай шуд. Ҳодиса 30-юми майи соли 2017, тахминан соати 15:40-дақиқа рух додааст.

Вазорат аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо эҳтиёт шуда, ҳамчунин фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамин гуна ҳодиса дар моҳи май дар чан шаҳру навоҳии вилояти суғд низ рух дода буд, ки дар натиҷа писарбаччаи 8-сола, 11-сола ва ҷовони 18 фавтида буданд.

Лентаи хабарҳо
0