Имтиёзҳои Эмомалӣ Раҳмон барои ширкатҳои гардишгарӣ

© Официальный сайт президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон заседании Общественного совета Таджикистана
Эмомали Рахмон заседании Общественного совета Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қароре ширкатҳои гардишгариро аз имтиёзҳое бархурдор кард

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон Қонун "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро имзо кард.

"Бино ба ислоҳоте, ки дар қонуни андозу гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, шахсоне, ки дар соҳаи гардишгарӣ фаъолият мекунанд, имтиёзҳое ба даст хоҳанд овард", — омадааст дар иттилоъия.

Сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ширкатҳои сайёҳӣ аз супоридани андоз озод мешаванд

Пештар раисҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми солонааш пешниҳод кард, ки ширкатҳои нави гардишгарӣ барои муддати панҷ сол аз пардохти молиёт озод карда шаванд.

"Ширкатҳои гардишгарӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти молиёт аз даромад озод карда шаванд", — гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.

Дар баробари ин раисҷумҳури Тоҷикистон воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии созаҳои гардишгариро аз пардохтҳои молиёту аворизи гумрукӣ озод кард. 

Ҳамчунин кишвардор пешниҳод кард, ки аз соли 2017 ниҳоди вижае барои рушду тавсеъаи гардишгарӣ дар таркиби Ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шавад.

"Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 дар назди ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шавад", — гуфт раисҷумҳур.

То ҳол ҳамаи масъалаҳои соҳаи гардишгарӣ аз ҷониби Кумитаи ҷавонону варзишу гардишгарии ҶТ ҳаллу фасл мегардид.

Лентаи хабарҳо
0