ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати корҳои дохилии ҶТ эҳтимолан модар ва писар роҳи худро гум карда натавонистанд ба хона баргарданд.
Дар паи ҷустуҷӯ аз мавзеъи Селдараи ҷамоати деҳоти Нури-Ваҳдати ноҳияи Панҷ, зан дар ҳолати вазнин ва ҷасади писарчаи хурдсолаш дарёфт карда шуд.
"Дар вақти ба беморхона бурдан зан низ дар роҳ ба ҳалокат расидааст", — омадааст дар хабарнома.
Ҳодиса бомдоди рӯзи 26 май дар ноҳияи Панҷ ба вуқӯъ пайвастааст.