Аз ин захмишудагон 108 кас бузургсоланд ва 22 кас кӯдак ҳастанд. Шаҳрдори Максав Сергей Собянин гуфт, ки хонаводаҳои ҳар яке аз кушташудагон дар ин тундбод 1 милюн рублӣ кумаки молӣ хоҳанд гирифт.
Нерӯҳои Вазорати умури изтирории Русия дарахтҳои уфтодаву худравҳои осебдидаро аз сатҳи шаҳр ҷамъоварӣ карда ва симҳои кандашударо васл кардааст.