ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ имрӯз Раҳимзода Рамазон бо курсантҳои Академия оиди ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дарс дод.
"Зимни омӯзиши фанҳои таълимӣ ба шӯъбаҳои корҳои дохилӣ рафта, тарзи қабули арзу шикояти шаҳрандон, азаназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва муоширату муносибат бо мардумро омӯзед. Инҳо элементҳои аввалиндараҷае ҳастанд, ки шумо бояд донед ва дар фаъолияти ояндаи худ самаранок истифода баред", — гуфтааст Раҳимзода.
Дар идомаи омӯзиш вазир милисаҳои ояндаро ба огоҳ будан аз хабарҳои ҷаҳон ва истифодаи интернет даъват кард.
"Бояд ҳамарӯза аз ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳаввулоти сиёсӣ ва хатару таҳдидҳои замони муосир ба воситаи интернет ва васоити ахбори омма огаҳӣ пайдо кунед. Дарди дили мардумро ҳис кунед ва дар оянда як мутахассиси хуб шавед".
Манбаъ меафзояд, ки ба курсантони Академия доир ба самтҳои асосии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, амалияи маъмурӣ ва самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маълумоти муфассал дод.
Дар идомаи сӯҳбат оид ба пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, вазир гуфт, ки асосан ҷавонони бесаводу бемаърифат, ки дониши дунявию динӣ надоранд, ба ин гурӯҳҳо шомил гардида, ҳаёти худу наздиконашонро тираю тор месозанд.
Раҳимзода Рамазон дар пойни дарс милисаҳои ояндаро бо "Соли ҷавонон" муборакбод намуда, ба онҳо хониши аъло ва барору комёбиҳо таманно кард.